«Бисмиллоҳ» оғози ҳар кори хайр аст. Мо низ кори худро бо он оғоз мекунем. Эй нафси ман, бидон, ки ин калимаи муборак на танҳо нишонаи Ислом аст, балки тамоми мавҷудоти олам низ бо забони ҳол* ҳамеша «Бисмиллоҳ» мегӯянд.
Агар хоҳӣ бидонӣ, ки «Бисмиллоҳ» чӣ нерӯи бузургу тамомнашаванда ва чӣ баракати фаровону бепоён дорад, ба ин ҳикояи тамсилӣ назар кун ва ба он гӯш деҳ:
Чунин ҳикоят мекунанд, ки дар биёбонҳои Арабистон мусофир бояд худро зери ҳимояи яке аз сарварони қабилаҳо қарор диҳад. Танҳо дар ин сурат ӯ метавонад аз хатари роҳзанону бадкорон эмин монад ва ниёзҳои худро бароварда созад. Дар акси ҳол, дар биёбони беканор танҳо мемонад ва дар баробари душманони зиёд ва эҳтиёҷоти бешумор ба тарсу ҳарос, душворӣ ва саргардонӣ гирифтор мешавад.
Рӯзе ду нафар ба чунин сафар мебароянд. Яке фурӯтану хоксор буд, дигаре мағруру ҳавобаланд. Шахси фурӯтан худро зери ҳимояи яке аз сарварони қабила қарор дод, аммо шахси мағрур аз ин кор сарпечӣ кард.
Мусофири фурӯтан дар тамоми роҳ орому осуда ва бехатар сафар мекард. Агар бо роҳзане рӯ ба рӯ мешуд, мегуфт: «Ман зери ҳимояи фалон сарвар ҳастам». Бо шунидани ин сухан роҳзан аз ӯ дур мешуд ва ҷуръати озорашро намекард.
Ҳар гоҳ ба хаймаи касе медаромад, мардум ба хотири сарвари қабила ӯро эҳтиром мекарданд ва ба ӯ ёрӣ мерасонданд.
Аммо мусофири мағрур дар тамоми сафар ба мушкиливу мусибатҳои зиёд гирифтор шуд. Ӯ ҳамеша дар тарсу ҳарос буд ва барои қонеъ кардани ниёзҳои худ маҷбур мешуд аз дигарон гадоӣ кунад. Дар натиҷа, хору залил шуда, ба шармандагиву расвоӣ гирифтор гардид.
Инак, эй нафси мағрури ман! Он мусофири мағрур ту ҳастӣ ва ин дунё биёбони беканорест. Нотавонӣ ва ниёзмандии ту ҳадду канор надорад. Душманонат бисёранд ва эҳтиёҷотат бепоёнанд.
Пас, дар чунин ҳолат номи Молики Абадӣ ва Ҳокими Азалии ин дунёро ба забон биёр. Ҳамаи корҳоятро бо номи Ӯ оғоз кун ва ба Ӯ таваккал намо. Он гоҳ дигар маҷбур намешавӣ, ки барои бароварда сохтани ниёзҳоят аз мавҷудоти олам гадоӣ кунӣ ва дар баробари ҳар ҳодиса аз тарсу ҳарос ба ларза дароӣ.
Бале, «Бисмиллоҳ» ганҷинаи муборакест, ки нотавонӣ ва ниёзмандии бепоёни туро ба қудрату раҳмати бепоёни Худованд мепайвандад. Бо ин калимаи муқаддас нотавонӣ ва ниёзмандии ту дар остонаи даргоҳи Қодири Раҳим ба василаи арзишманду мақбули талаби мададу раҳмати Илоҳӣ табдил меёбад.
Бале, касе, ки бо ин калимаи муборак амал мекунад, ба шахсе монанд аст, ки ба сафи артиш дохил шуда, аз номи давлат амал менамояд. Ӯ дигар аз касе тарсу ҳарос надорад, зеро медонад, ки ба қудрати давлат такя мекунад. Ҳамин аст, ки мегӯяд: «Аз номи қонун! Аз номи давлат!» Ва бо ин эътимод ҳар кореро анҷом медиҳад ва дар баробари ҳар монеа устувор меистад.
Дар оғоз гуфтем, ки тамоми мавҷудоти олам бо забони ҳол «Бисмиллоҳ» мегӯянд. Оё ин ҳақиқат дорад? Бале, ҳақиқат дорад.
Масалан, тасаввур кун, ки шахсе меояд ва тамоми сокинони шаҳрро маҷбуран дар як ҷо ҷамъ карда, онҳоро ба иҷрои коре водор месозад. Ту ҳатман дарк мекунӣ, ки ӯ ин корро на бо қувваи шахсии худ ва на аз номи худаш анҷом медиҳад. Балки ӯ сарбозест, ки аз номи давлат амал мекунад ва ба қудрати подшоҳ такя дорад.
Ҳамин тавр, тамоми мавҷудоти олам ба номи Худованди Мутаол амал мекунанд. Масалан, донаҳо ва тухмҳои бисёр хурд, ки ба заррачаҳо монанданд, бо қудрати Ӯ ба дарахтони азим табдил меёбанд. Онҳо гӯё бори сангини кӯҳмонандро бар дӯш гирифта, онро таҳаммул мекунанд.
Пас, ҳар як дарахт бо забони ҳол «Бисмиллоҳ» мегӯяд. Дастҳои худро аз меваҳои ганҷинаи раҳмати Худованд пур карда, онҳоро дар табақҳо ба мо пешкаш менамояд.
Ҳамчунин, ҳар як боғ «Бисмиллоҳ» мегӯяд ва гӯё ба деги бузурге дар ошхонаи қудрати Илоҳӣ табдил меёбад. Дар ин дег бо қудрати Худованд меваҳо, сабзавот ва анвои гуногуни хӯрокҳои лазиз омода мегарданд.
Ҳар як ҳайвон, аз қабили гов, шутур, гӯсфанд ва буз, бо забони ҳол «Бисмиллоҳ» мегӯяд ва бо раҳмати Ҳақ Таоло гӯё ба чашмаи шир табдил меёбад. Онҳо аз номи Раззоқ (рӯзидиҳанда) ба мо шир медиҳанд, ғизои покиза, фоидабахш ва арзишманде, ки гӯйё оби ҳаёт аст.
Ҳамчунин, решаҳои нозуки гиёҳҳо, дарахтон ва алафҳо, ки мисли абрешим нарму маҳинанд, «Бисмиллоҳ» мегӯянд. Онҳо ҳатто аз миёни сангу хоки сахт роҳ мекушоянд ва ба пеш ҳаракат мекунанд. Гӯё бо забони ҳол мегӯянд: «Ба номи Аллоҳ, ба номи Раҳмон!» Ва бо қудрати Ҳақ Таоло сангу хок дар пеши онҳо роҳ мекушоянд.
Бале, ҳамон гуна ки шохаҳои дарахтон дар ҳаво паҳн шуда, мева медиҳанд, решаҳои онҳо низ дар миёни сангу хоки сахт ба осонӣ ба ҳар тараф паҳн мешаванд ва дар зери замин ҳосил медиҳанд. Ҳамчунин, баргҳои нозуку сабзи дарахтон дар гармии шадид моҳҳо тару тоза боқӣ мемонанд.
Ин ҳақиқат ба андешаи табиатпарастон зарбаи сахте мезанад ва гӯё ба чашмони нобинои онҳо ангушт ниҳода, мегӯяд: «Ҳатто сахтӣ ва гармие, ки шумо бештар ба онҳо такя мекунед, низ зери фармон амал мекунанд».
Зеро решаҳои нарму нозук, ки ба абрешим монанданд, бо амри Худованд сангҳоро мешикофанд. Онҳо гӯё ба фармони илоҳие, ки дар достони ҳазрати Мӯсо (алайҳиссалом) омадааст, итоат мекунанд: «Пас гуфтем: “Бо асои худ ба санг бизан!”» (Сураи Бақара, ояти 60).
Баргҳои нозуку латиф, ки ба коғази тунук монанданд, дар муқобили гармии тоқатфарсо низ тару тоза мемонанд. Онҳо гӯё бо забони ҳол ҳамон дуоеро мехонанд, ки дар Қуръони карим дар бораи ҳазрати Иброҳим (алайҳиссалом) омадааст:
«Эй оташ! Сард ва саломатбахш бош!» (Сураи Анбиё, ояти 69).
Пас, агар тамоми мавҷудоти олам бо забони ҳол «Бисмиллоҳ» гӯянд ва неъматҳои Худовандро аз номи Ӯ ба мо расонанд, мо низ бояд «Бисмиллоҳ» бигӯем.
Мо бояд ба номи Худованд бидиҳем ва ба номи Ӯ бигирем. Яъне, ҳангоми додан ва гирифтани неъматҳо Худовандро фаромӯш накунем ва ҳар неъматро аз ҷониби Ӯ бидонем. Аз ин рӯ, набояд аз касоне, ки ҳангоми ато кардани неъматҳо Худовандро фаромӯш мекунанд, чизе бигирем.
Савол. Мо ба одамоне, ки неъматҳоро ба мо мерасонанд, пул ё музд медиҳем. Пас, Худованд, ки соҳиби аслии ҳамаи ин неъматҳост, дар ивази онҳо аз мо чӣ мехоҳад?
Ҷавоб. Бале, Неъматдиҳандаи ҳақиқӣ дар ивази ин неъматҳо ва молҳои гаронбаҳо аз мо се чиз мехоҳад: якум, зикр; дуюм, шукр; сеюм, фикру тафаккур.
Дар оғози ҳар кор гуфтани «Бисмиллоҳ» зикр аст. Дар анҷоми он гуфтани «Алҳамдулиллоҳ» шукр аст. Дар миёни ин ду, андеша кардану дарк намудани он ки ин неъматҳои гаронбаҳо шоҳкориҳои аҷиби санъати Илоҳӣ, мӯъҷизаҳои қудрат ва ҳадяҳои раҳмати Худованди Аҳаду Самад ҳастанд, тафаккур мебошад.
Масалан, агар шахси бечорае ҳадяи бисёр арзишманди подшоҳро ба ту биёрад ва ту ба ҷойи қадр кардани подшоҳи ҳадядиҳанда пойи он шахси бечораро бибӯсӣ, вале соҳиби аслии ҳадяро нашиносӣ, ин чӣ қадар кори нодуруст ва нишонаи бехирадӣ хоҳад буд!
Ҳамин тавр, ситоишу қадрдонӣ кардани касоне, ки зоҳиран неъматҳоро ба мо мерасонанд ва дар айни замон фаромӯш кардани Неъматдиҳандаи ҳақиқӣ, нишонаи бехирадии бузург аст.
Эй нафси ман!
Агар намехоҳӣ ба чунин бехирадӣ гирифтор шавӣ, пас:
Ба номи Худованд бидеҳ, ба номи Худованд бигир, ба номи Худованд оғоз кун ва ба номи Худованд амал намо!
Вассалом.